Ҳамватанони Гиромӣ

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Малайзия ба таваҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҳудуди Малайзия ва дигар кишварҳои ҳамсояи он иқомат мекунанд, мерасонад, ки рӯзи якшанбе санаи 1 марти соли 2020 аз соати 08:00 то 20:00 дар бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Куала Лумпур интихоботи даъвати нави вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.

Дар робита ба ин, Шумо ва аъзоёни оилаатонро, ки ба синни 18 расидаанд, барои иштирок дар маъракаи мазкур даъват менамоем.

Барои раъйдиҳӣ шаҳрвандон бояд бо худ шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошанд.
Суроғаи Сафорат:

No. 524, Jalan 6, Taman Ampang Utama,
68000 Ampang, Selangor D.E.
Kuala Lumpur, Malaysia
Tel: +603 4251 6001 / 6002

root

Read Previous

Meeting of the Ministers of Foreign Affairs of Tajikistan and Brunei

Read Next

Concluding Speech at 20th Session of the Consultative Council on Improvement of Investment Climate Office of the President of the Republic of Tajikistan