БА ТАВАҶҶУҲИ ШАҲРВАНДОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, КИ ДАР МАЛАЙЗИЯ ВА ДИГАР КИШВАРҲОИ ҶАНУБУ ШАРҚИИ ОСИЁ ТАҲСИЛ, КОР ВА ФАЪОЛИЯТ МЕНАМОЯНД!

Иттилоъ дода мешавад, ки дар баъзе минтақаҳои Малайзия (аз ҷумла вилояти, Селангор, шаҳрҳои Куала Лумпур ва Путраҷая низоми нисбии маҳдудияти ҳаракат (CMCO) аз 14 январ 2020 эълон гаштааст. Дар ин муддат шаҳрвандоне, ки азми сафар намудан ба минтақаҳои дигари Малайзия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҳангоми сафар ба фурӯдгоҳ) доранд бояд аз шӯъбаи полиси мақоми зисташон иҷозат гиранд.

Дар ин робита, Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Малайзия ба муҳассилини донишгоҳҳои олии кишвари иқомат ва дигар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар қаламрави Малайзия, Индонезия, Бруней Доруссалом, Тайланд, Сингапур ва дигар кишварҳои Ҷанубу Шарқии Осиё қарор доранд, муроҷиат намуда, изҳори хоҳиш менамояд, ки ҷиҳати пешгирии сирояти коронавирус эҳтиёткориро дар маконҳои маҳалли зист пеша гиранд ва тибқи тавсияҳои сохторҳои марбута амал намоянд.

Ҳамзамон хоҳиш мегардад, ки дар ҳолати эҳсос намудани нишонаҳои гирифторӣ, аз қабили ҳарорати баланд, хастагии ҷисм, сулфаи хушк ва нафаскашии душвор ҳатман ба марказҳои тиббӣ муроҷиат намоянд ва Сафоратро дар ҷараён гузоранд.

Дар ҳолати зарурат ба телефонҳои боварӣ ва ё суроғаи электронии Сафорат муроҷиат намоед:

  • Телефонҳо: +603 4251 6001/02, +60176574044 (мобилӣ)
  • Суроғаи электронӣ: tajembmy@gmail.com / tajembmy@mfa.tj

Тавсияҳо ҷиҳати пешгирӣ аз мубтало шудан ба коронавирус

What can people do to protect themselves and others from getting the new coronavirus?

root

Read Previous

Meeting of the Ambassador with Tun Dr. Mahathir Bin Mohamad

Read Next

Табрикоти Наврӯзӣ