• April 16, 2024

БА ТАВАҶҶУҲИ ШАҲРВАНДОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, КИ ДАР МАЛАЙЗИЯ ВА ДИГАР КИШВАРҲОИ ҶАНУБУ ШАРҚИИ ОСИЁ ТАҲСИЛ, КОР ВА ФАЪОЛИЯТ МЕНАМОЯНД!

Иттилоъ дода мешавад, ки дар Малайзия ва аксар кишварҳои минтақа назорати иҷрои қоидаҳои беҳдоштӣ ҷиҳати пешгирии паҳншавии вируси COVID-19 пурзур гаштааст.
Дар ин давра иҷозати вуруд ба аксар муассисаҳо дар асоси доштани шаҳодатнома роҷеъ ба гирифтани ду вояи ваксина дода мешава. Қобили таъкид аст, ки хориҷиёне, ки мӯҳлати раводидҳояшон ба охир расидааст бояд кишварро тарк намоянд.

Дар ин робита, Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Малайзия ба муҳассилини донишгоҳҳои олии кишвари иқомат ва дигар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар қаламрави Малайзия, Индонезия, Бруней Доруссалом, Тайланд, Сингапур ва дигар кишварҳои Ҷанубу Шарқии Осиё қарор доранд, муроҷиат намуда, изҳори хоҳиш менамояд, ки ҷиҳати пешгирии сирояти коронавирус эҳтиёткориро дар маконҳои маҳалли зист пеша гиранд ва тибқи тавсияҳои сохторҳои марбута амал намоянд.

Ҳамзамон хоҳиш мегардад, ки дар ҳолати эҳсос намудани нишонаҳои гирифторӣ, аз қабили ҳарорати баланд, хастагии ҷисм, сулфаи хушк ва нафаскашии душвор ҳатман ба марказҳои тиббӣ муроҷиат намоянд ва Сафоратро дар ҷараён гузоранд.

Дар ҳолати зарурӣ ба телефонҳои боварӣ ва ё суроғаи электронии Сафорат муроҷиат намоед:

Телефонҳо: +603 4251 6001/02, +60176574044 (мобилӣ), +992 93 589 9999 (WhatsApp)
Суроғаи электронӣ: tajembmy@gmail.com / tajembmy@mfa.tj

Тавсияҳо ҷиҳати пешгирӣ аз мубтало шудан ба коронавирус

What can people do to protect themselves and others from getting the new coronavirus?

Embassy

Read Previous

Meeting of the Ambassador with Tun Dr. Mahathir Bin Mohamad

Read Next

Табрикоти Наврӯзӣ